Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод

Posted Tue, 09/30/2025 - 11:14
By shahnavoz

30 сентябр Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои мазкур бо дастгирӣ аз ташаббусҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар он барои кору фаъолият шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ ва пардабардорӣ аз пайкараи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Файзобод

Posted Tue, 09/30/2025 - 11:13
By shahnavoz

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд.

Нахуст, бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд.

Майдони Парчами давлатӣ ба таври муосир ва бо унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардидааст. Иншооти мазкур бо ҳадафи таҳкими худшиносӣ ва боло бурдани эҳсоси ватандӯстии сокинон сохта шуда, рамзи ваҳдату ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

Posted Tue, 09/30/2025 - 11:12
By shahnavoz

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни меваҳои тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ ва такрорӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид, замини ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан намуданд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон

Posted Thu, 09/25/2025 - 10:52
By shahnavoz

Дар фароварди сафар ба шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба густариши робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешбурди ташаббусҳои муштараки ду кишвар, аз ҷумла дар мавзӯъҳои обу иқлим, баррасӣ шуд.

Ҳамчунин, атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Иштирок дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

Posted Wed, 09/24/2025 - 16:20
By shahnavoz

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони кишварҳои аъзои Созмонро ба муносибати 80-умин солгарди қабули Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид самимона табрику таҳният гуфтанд.

Суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

Posted Wed, 09/24/2025 - 16:18
By shahnavoz

Муҳтарам  Раис,
Муҳтарам Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Имрӯз, ки мо аз 80-умин солгарди қабули Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид  таҷлил менамоем, ҳамаи кишварҳои узвро ба ин муносибат самимона табрику таҳният мегӯям.

Пӯшида нест, ки айни ҳол ҷаҳони муосир ба ҳолати ноустувориву номуайянӣ ва печидагиҳои рӯзафзун рӯ ба рӯ гардидааст.

Ихтилофоти геосиёсӣ, талошҳои азнавсозии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, мухолифату низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ барои сулҳу осоиши пойдор таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод кардаанд.

Мулоқот бо Директори идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде

Posted Wed, 09/24/2025 - 16:17
By shahnavoz

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Директори идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон номида, ба роҳбарияти он барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуданд.

Ба рушди ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика ва маблағгузории лоиҳаҳои ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

Posted Tue, 09/23/2025 - 09:32
By shahnavoz

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ раванди ҳамкории гуногунҷанба ва пурсамари Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу де Соуза

Posted Tue, 09/23/2025 - 09:30
By shahnavoz

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Португалия муҳтарам Марселу Ребелу де Соуза мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши дӯстию ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг

Posted Tue, 09/23/2025 - 09:28
By shahnavoz

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг мулоқот намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Ветнамро, новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ, анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ пайванд менамоянд.