18 ва 19 июл бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

Posted Fri, 07/17/2026 - 14:06
By shahnavoz

18 ва 19 июл бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Зафаробод ва Темурмалик баргузор мегарданд.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 18 июл дар Боғи кӯдакон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор мешавад.

Ҳамчунин 19 июл дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд ва дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант доир мегардад.

Дар ин рӯз меҳмонон ва сокинони пойтахт имкон доранд, ки бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз наздик шинос шаванд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангию фароғатӣ низ пешниҳод мегарданд.

Ин чорабинии фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳҳои июн-августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешавад.
МАНБАЪ: АМИТ «Ховар».