Боздид аз чойхонаи Сирдарё ва ба дарёи Сир сар додани 1 миллион моҳича
22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё, ки ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ пурра таъмиру навсозӣ гардид, дидан намуданд.
Чойхонаи Сирдарё дар соҳили чапи дарёи Сир дар масоҳати 2 ҳазору 741 метри мураббаъ аз нав барқарор карда шуда, фармоишгари иншоот Корхонаи давлатии коммуналии Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ва паймонкор ҶДММ Сохтмон пешсаф мебошад.
